Санаи 18 марти соли 2026 дар идораи Филиали ФҚХ “МикроИнвест” бо иштироки 26 нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун семинар – тренинг дар мавзӯи “Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар семинар ба тартиби дурусти истифодаи кортҳои бонкӣ, ҳамёнҳои мобилӣ ва истифода аз онҳо ба истифодабарандагон иттилоъ дода шуда, байни шунавандагон ва кормандони фонд саволу ҷавоб доир ба масъалаҳои ҳалталаб сурат гирифт.
